Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳнер раиси Маҷлиси намояндагони ИМА интихоб шуд


Дар нахустин нишасти ҳайати нави Конгресси ИМА узви Ҳизби ҷумҳурихоҳон Ҷон Баҳнер раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд. Ҳайати нави Конгресс баъд аз ду моҳи интихоботи миёнадавраӣ, ки дар он асосан ҷумҳурихоҳон пирӯз шудаанд, савганд ёд кард. Гуфта мешавад, ки ҷумҳурихоҳон бештари курсиҳои палатаи поёни парлумонро соҳиб шуда ва бартарии демократҳо дар Сенатро ҳам коҳиш додаанд.
Вакилон аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон мегӯянд, ки онҳо аз ин баъд на фақат ба ибтикори ояндаи демократҳо мухолифат мекунанд, балки барои лағви бархе аз қонунҳое, ки ба гуфтаи онҳо, зери фишор қабул шудаанд, аз ҷумла, барои лағви Қонуни ислоҳоти бимаи тиббӣ дар Амрико талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG