Як рӯз баъд аз қатли Салмон Тосир, раиси вилояти Панҷоби Покистон, аз сӯи як муҳофизаш, ӯро имрӯз дар ҳамин шаҳр ба хок супурданд. Салмон Тосир як узви баландпояи Ҳизби Мардумӣ ва яке аз сиёсатмадорони шинохтаи Покистон буд. Бино ба гузоришҳо, муҳофизаш ӯро барои мухолифаташ ба Қонун дар мавриди бидъат ва ё куфргӯӣ дар Покистон куштааст, ки ин қонун барои тавҳин ба ислом ҳукми қатл муқаррар кардааст. Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазир ва чанд вазири ҳукумати Покистон дар маросим дафн ҳузур доштанд. Аммо айни замон чанд рӯҳонии Покистон аз қатли Салмон Тосирро истиқбол карда ва мардумро ба парҳез аз ширкат дар маросими дафни ӯ даъват кардаанд.