Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алии Бедакӣ дар Рашт кушта шудааст


Мақомоти расмӣ мегӯянд, маъмурони амниятии Тоҷикистон, Алии Бедакӣ, раҳбари гурӯҳи тундравони исломӣ ва масъули ҳамлаи хунин ба сарбозони вазорати дифоъро куштанд. Тоҳир Норматов, раиси ситоди вазорати умури дохила гуфт, Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ рӯзи сешанбе дар амалиёте дар водии Рашт кушта шуд. Вазорати умури дохила гуфт, ҳафт шарики Алии Бедакӣ кушта ва як тани дигарашон дастгир шудааст. Дар ҳамла ба корвони мошинҳои сарбозони вазорати дифоъ 28 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG