Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Сокина Оштиёнӣ лағв хоҳад шуд?


Ҳукми қатли хонуми эронӣ Сокина Муҳаммадии Оштиёнӣ шояд лағв карда шавад. Малик Аждар Шарифӣ, раиси додгоҳи минтақаи Озарбойҷони шарқии Эрон, дар сӯҳбат бо хабаргузории Форс эҳтимоли лағви ҳукмро баъйд надонист, зеро ба гуфтаи ӯ, бархе шубҳаҳо ба далелҳои гуноҳи хонум Оштиёнӣ боқӣ мондаанд.
Сокина Оштиёнӣ, ки барои зино ба қатл аз тариқи сангандозӣ маҳкум шудааст, дирӯз ғайриинтизор дар шаҳри Табриз нишасти хабарӣ доир кард ва талаб намуд, ки ӯро ба ҳолаш гузоранд ва аз ин бештар шармандааш накунанд.
Ҳукми қатли хонум Оштиёнӣ дар кишварҳои ғарбӣ вокунишҳои манфиро ба бор овард.
XS
SM
MD
LG