Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Грэҳем:Дар Афғонистон пойгоҳҳои доимии ИМА ташкил шаванд


Линдсей Грэҳем, сенатори маъруфи амрикоӣ ва коршиноси масоили низомӣ, пешниҳод намуд, ки дар Афғонистон пойгоҳҳои низомии доимии ИМА ташкил карда шаванд. Дар як суханронӣ аз тариқи шабакаи телевизионии NBC ӯ изҳор намуд, ки таъсиси чанд пойгоҳи ҳарбӣ-ҳавоии амрикоӣ ба муборизаи мақомоти Афғонистон алайҳи терроризму ифротгароӣ баъд аз хурӯҷи нерӯҳои НАТО аз ин кишвар тақвият хоҳад бахшид.
ИМА ва ҳампаймонҳояш нақша доранд, ки то соли 2014 масъулияти таъмини амният дар Афғонистонро бар дӯши нерӯҳои амниятӣ ва ҳифзи тартиботи маҳаллӣ гузоранд.
XS
SM
MD
LG