Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фаластинӣ дар посгоҳи марзии Исроил кушта шуд


Мақомоти расмии Фаластин ва Исроил мегӯянд, ки имрӯз дар посгоҳи марзии миёни ин ду кишвар як фаластинӣ кушта шудааст. Ҳилоли Аҳмари Фаластин гуфт, ин шахси кушташуда бо номи Муҳаммад Дарағме 20 сола буд ва барои моҷаро дар посгоҳе дар Ноблус ҳадафи тири нируҳои исроилӣ қарор гирифт. Бино ба гузоришҳо, Дарағме талош кардааст, ба нируҳои Исроил ҳамла барад. Вале нируҳои исроилӣ гузоришҳои ҷониби фаластиниро таъйид кардаанд, ки Дарғме бо худ аслиҳа надоштааст. Ин ҳодиса бозрасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG