Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оштиёнӣ мегӯяд, парвандаи вайро танҳо гузоранд


Имрӯз Сокина Муҳаммади Оштиёнӣ-зани эронӣ, ки ба муҷозоти эъдом маҳкум шудааст, ба назди рӯзноманигорон баромад ва гуфт, "бисёр одамон" аз парвандаи вай истифода мекунанд. Вай дар ин нишасти хабарӣ дар шаҳри Табрез гуфт: "парвандаи маро танҳо гузоред. Чаро шумо маро шарманда мекунед?" Оштиёнӣ 43 сол дорад ва барои зино ба қатл маҳкум шудааст. Ин ҳукми додгоҳ дар кишварҳои ғарбӣ вокунишҳои манфӣ ба бор овард. Як рӯз пеш Саҷҷод Қодирзода-писари Оштиёнӣ дархост кард, ки ҳукми модараш сабуктар карда шавад. Оштиёнӣ аз моҳи октябри соли гузашта дар боздошт ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG