Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон $25 миллион қарзи Туркияро пардохт кард


Тоҷикистон ба Туркия 25 миллион доллар қарзи худро пардохт кард. Дар ин бора вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод. Ин қарзро Тоҷикистон дар соли 1998 гирифта буд. Вазорат гуфтааст, қарзи умумии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ 32,4 миллион долларро ташкил медиҳад. Дар давоми ду соли ахир ин ду кишвар талош кардаанд, ҳамкориҳои иқтисодии худро густариш диҳанд. Ҳафтаи гузашта Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Туркия боздид кард ва акнун мехоҳад дар Тоҷикистон мизбони мулоқот бо 1000 нафар тоҷирону соҳибкорони туркӣ бошад.
XS
SM
MD
LG