Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 14 мулкӣ дар таркише дар Наҳри Сироҷ


Бар асари таркиши бомби канори роҳ дар ҷануби Афғонистон, ки ба як мошин асобат кардааст, дастикам 14 мулкӣ кушта шудаанд. Инфиҷор дар улусволии Наҳри Сироҷи вилояти Ҳилманд, як пойгоҳи Толибон ва аз хатарноктарин вилоёти Афғонистон, рух додааст. Раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомид Карзай ҳамларо шадидан маҳкум карда, омилонашро “террористони ваҳшиву ҷоҳил” номид. Бомбҳои канори роҳ аз таслиҳотест, ки чирикиҳои толиб бештар истифода мебаранд. Бештари талафот дар миёни нирӯҳои афғону хориҷӣ ва афроди мулкӣ низ бар асари таркиши чунин бомбҳост.
XS
SM
MD
LG