Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 7 тан аз наздикони Алӣ Саримӣ дар Теҳрон


Ҳафт тан аз дӯстону пайвандони Алӣ Саримиро, ки рӯзи сешанбе дар зиндони Эвини Теҳрон эъдом шуд, дар даврубари ин зиндон боздошт кардаанд. Ҳасан, як бародари Саримӣ гуфт, ки аз иҷро шудани ин ҳукм онҳоро аз қабл хабардор накарда буданд ва 7 тан аз дӯстону пайвандон, бо шумули хоҳару ҳамсару духтар ва домоди Алии Саримӣ баъди онки хабари интиқоли ӯ аз зиндони Гуҳардаштро аз маҳбусони дигари ин зиндон шуниданд, ба Эвин рафтанд. Ҳасан Саримӣ гуфт, ин 7 танро нирӯҳои амниятӣ рӯзи сешанбе, дар рӯзи иҷрои ҳукми Алии Саримӣ дастгир кардаанд. Матбуоти давлатии Эрон мегӯяд, Алӣ Саримии 62-сола ба узвият дар гурӯҳи мухолифи Муҷоҳидини Халқ, муҳориба алайҳи Худованд ва таблиғ алацҳи низоми Ҷумҳурии исломии Эрон муҷрим шинохта шуд. Бародараш аммо мегӯяд, ӯ узви Муҷоҳидини Халқ набуд, балкӣ аз пойгоҳи ин гурӯҳ дар Ироқ ба хотири аёдати писараш дидан карда буд.
XS
SM
MD
LG