Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаниш Боқиевро дар Қирғизистон диданд


Як мақоми баландпояи вазорати умури дохилаи Қирғизистон мегӯяд, ки дар баъзе манотиқи ин кишвар бародари раиси ҷумҳурии ин кишварро дидаанд, ки аз ҷониби ниҳодҳои ҳифзи қонун дар доманзании ошӯбҳои байниқавмӣ айбдор мешавад. Бахши қирғизии радиои Озодӣ мегӯяд, Ҷаниш Боқиев баъди рӯйдодҳои 7 апрели имсол қаламрави Қирғизистонро тарк кард. Мелис Тургалиев, муовини вазири умури дохилаи Қирғизистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯи маълумоти онҳо Ҷаниш Боқиев аз хоки Тоҷикистон вориди Қирғизистон шуда, ӯро дар шаҳрҳои Ӯш, Ҷалолобод ва Бишкек дидаанд. Вале ин манбаъ нагуфт, ки сухан дар бораи кадом мӯҳлати замонӣ меравад. Тургалиев гуфт, ки талош барои боздошти бародари президент натиҷа надод, ба ин хотир, ки эҳтимолан дар миёни полис ҳамоно тарафдори режими пешина зиёданд.
XS
SM
MD
LG