Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нетаняҳу ва имкони созиш бо фаластиниҳо


Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, ки дар сурати адами тавофуқи ҷонибҳо дар масоили калидӣ имкон дорад миёни Исроилу Фаластин як созиши муваққаттии сулҳ баста шавад. Рӯзи душанбе дар мусоҳиба бо телевизиони Исроил барои нахустин бор Нетаняҳу дар ин бора лаб кушод:

“Дар музокира бо фаластиниҳо ба чунин созише даст ёфтан мумкин аст, агар мо дар масъалаи Байтулмуқаддас ва муҳоҷирон ба тавофуқе даст ёбем, як созиши муваққат ҳосил хоҳад шуд. Ман ингуна имкониятро аз эҳтимол дур намедонам”.

Музокираҳои сулҳи миёни ду ҷониб дар давоми чандин сол бо сабаби ихтилофҳо дар масъалаи мавқеи Байтулмуқаддаси шарқӣ ва сарнавишти мардуми беҷошуда дучори бунбаст шудааст. Музокираи моҳи сентябри имсол, ки бо миёнҷигии ИМА аз сар гирифта шуд, дубора бо сабаби бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар заминҳои фаластинӣ қатъ гардид.
XS
SM
MD
LG