Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Клинтон аз ҳукми Ходорковский


Қозии мурофиаи дуввуми алайҳи раҳбари собиқи ширкати нафти “Юкос” Михаил Ходорковский ва шарики ӯ Платон Лебедев ҳардуро дар сирқат ва шустушӯи пул муҷрим шинохт. Ходорковский ва Лебедев, ки бо ҷурми тақаллуб ва сарпечӣ аз пардохти молиёт, аз соли 2003 ба ин сӯ адои ҳукми зиндон мекунанд, акнун ба сирқати 218 миллион тонна нафти “Юкос” ва ширкатҳои марбут ба он ва шустушӯи миллиардҳо доллар муҷрим шинохта шуданд. Қироати ҳукм аз сӯи қозии мурофиа Виктор Данилкин, ки хабарнигоронро аз толор берун кард, метавонад чанд рӯзро дар бар бигирад. Вале акнун Ходорковский ва Лебедев шояд то соли 2017 дар зиндон бимонанд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ҳукми додгоҳро ба шиддат интиқод карда гуфт, ки он ба эътибори Русия таъсири манфӣ хоҳад расонд.
XS
SM
MD
LG