Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То соли нав дар Тоҷикистон барф нахоҳад борид


Бахши аъзами Тоҷикистон соли нави 2011-умро бидуни барф истиқбол хоҳад гирифт. Ҷамила Байдуллоева, масъули идораи ҳавошиносии Тоҷикистон ба “Азия Плюс” гуфтааст, бино бар пешбинии онҳо, то 2 январ дар кишвар барф нахоҳад борид. Аммо, ба гуфтаи хонум Байдуллоева, ҳаво башиддат сард шуда, ҳарорат дар пойтахт ва водиҳои кишвар метавонад ҳатто то 9 дараҷаи зери сифр шавад. Аммо дар шарқи кӯҳистони Бадахшон то чанд рӯзи дигар ҳарорати ҳаво шояд то 25-30 дараҷаи зери сифр шавад.
Ҷамила Байдуллоева гуфтааст, дар шаби соли нав ҳавои Душанбе 6-8 дараҷаи зери сифр шуда, вале алакай рӯзи 1 январ ҳарорати ҳаво то 12-13 дараҷа гарм хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG