Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҳарҷумарҷ дар фурудгоҳи Домодедово


Бино ба гузориши “Интерфакс”, ҳарҷумарҷ дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав идома дорад. Барфбориҳои шадид ва яхбандӣ боиси дар ин фурудгоҳ ҷамъ шудани шумори бузурге аз мусофироне шудааст, ки мехоҳанд тарки пойтахти Русия кунанд. Таъмини фурудгоҳ бо нирӯи барқ, ки рӯзи якшанбе ба иллати канда шудани хутути интиқоли барқ ба маҳзи яхбандӣ қатъ шуда буд, то ҳол комилан барқарор нашудааст ва бисёре аз мусофирон шабро дар рӯи фарш рӯз кардаанд. Тавқифи кори фурудгоҳ боиси саргардонии мусофирони зиёде дар фурудгоҳи Душанбе низ шудааст. Аксари парвозҳо аз Тоҷикистон ба пойтахти Русия тавассути Домодедово анҷом мешавад.
XS
SM
MD
LG