Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди севвуми қатли Беназир Бҳутто


Дирӯз дар солгарди севвуми қатли сарвазири собиқи Покистон Беназир Бҳутто ҳазорон покистонӣ барои зиёрат аз мазори ӯ ба рустои Гарҳи Худобахш рехтанд. Намояндаи пулис Ашраф Леғарӣ шумори мардумеро, ки тайи 2 рӯзи охир аз мазори Бҳутто зиёрат кардаанд, 100 000 нафар баршумурд.
Ҳамсари ӯ - раисиҷумҳури феълии Покистон Осифалӣ Зардорӣ рӯзи якшанбе аз мазори Бҳутто зиёрат кард.
Беназир Бҳутто нахустин занест, ки дар ин кишвари мусалмонӣ ба мақоми сарвазирӣ расид. Ӯ 27 декабри соли 2007 дар раҳпаймоии интихоботие дар шаҳри Равилпиндӣ дар натиҷаи як сӯъиқасд кушта шуд.
XS
SM
MD
LG