Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи беш аз 30 кило ҳероин дар Русия


ФСБ, Хадамоти амнияти федеролии Русия як гурӯҳи байналмилалии қочоқбари маводи мухаддирро хунсо ва аз ин гурӯҳ беш аз 30 кило ҳероин мусодира кардааст. ФСБ мегӯяд, ин гурӯҳи қочоқбар шаҳрвандони Тоҷикистону Русияро дар бар мегирифт, ки феълан боздошт шудаанд. Аммо таърихи рӯз ва макони амалиёти зидди қочоқбарон оварда нашудааст.
Ахиран Виктор Иванов, раиси Хадамоти зидди маводи мухаддири Русия гуфт, мақомоти ин кишвар аз аввали сол беш аз 3 тонна ҳероин ва 3,5 тонна ҳашиш мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG