Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талошҳои тамдиди раёсати Нурсултон Назарбоев


Комиссиюни марказии интихоботии Қазоқистон аризаи гурӯҳи ибтикориеро пазируфт, ки баргузории раъйдиҳӣ барои тамдиди ваколатҳои раисиҷумҳури феълӣ Нурсултон Назарбоевро талаб дорад. Раиси Комиссиюн Куандик Турғонқулов ба хабаргузориҳо гуфт, ки ба аъзои гурӯҳ варақаҳо барои ҷамъоварии имзои шаҳрвандон дода хоҳад шуд. Барои баргузории раъйдиҳӣ гурӯҳи ибтикорӣ бояд дасти кам 200 ҳазор имзои шаҳрвандони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳрҳои Остонаву Алмааторо ҷамъ оварад.
Баъд аз ҷамъоварии имзоҳо бояд худи Нурсултон Назарбоев дар бораи баргузор кардан ё накардани раъйпурсӣ амр содир намояд.
Мӯҳлати раёсати Нурсултон Назарбоев дар садри Қазоқистон соли 2012 поён меёбад.
XS
SM
MD
LG