Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Исроил ду пайкорҷӯи фаластиниро куштаанд


Нерӯҳои Исроил дар як даргирие дар марз бо Ғаззаи таҳти назорати ҷунбиши Ҳамос ду пайкорҷӯро ба ҳалокат расонданд. Ҷунбиши ситезаҷӯи фаластинии Ҷиҳоди Исломӣ гуфт, ин ду тан аз аъзои он буданд, ки баъд аз таркондани як бомба дар сари роҳи зиреҳпӯши исроилиҳо кушта шудаанд. Ҳарбиёни исроилӣ ин даргириро, ки дар шарқи Хон Юнус, минтақае дар ҷануби Навори Ғазза рӯй додааст, тасдиқ карданд.
XS
SM
MD
LG