Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норизоият аз "мардона" шудани ҳукумати Ироқ


Бахши ироқии радиои Озодӣ мегӯяд, ки вакилон ва фаъолони ҳуқуқи инсон аз шумули занон аз он изҳори ноумедӣ карданд, ки ҳеҷ як номзади зан вориди ҳукумати нави Ироқ нашуд. Рӯзи 21 декабр нахуствазир Нурӣ-Ал-Моликӣ ҳайати нави ҳукуматашро тасвиб кард. Аз миёни 38 вазир, танҳо як нафар, ҳамон ҳам мақоми вазири ҳукумат ё “бе портфел” насиби хонум Бушра Ҳусайн Солеҳ шудааст. Сафия Суҳайл, як узви эътилофи миллии шиаён дар парлумон мегӯяд, дар номаи шикоятие, ки зери он ҳам аъзои зан ва ҳам марди парлумон имзо кардаанд, норизоияти онҳо аз чунин шакл гирифтани ҳукумат баён шудааст. Ин нома ба унвонии нахуствазир, президент ва раиси маҷлис ироа шуд.
XS
SM
MD
LG