Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани сарбози тоҷик дар паи таркиши мина


Азия-плюс аз қавли маркази минарӯбии Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзи 18 декабр бар асари таркиши минаи зиддинафар дар посгоҳи марзии Кокули ноҳияи Фархор як сарбози қаторӣ Одилҷон Рустамови 21-сола ба ҳалокат расид. Ин сарбози ҷавон сокини деҳаи Сарибулоқи ноҳияи Мӯъминобод буд ва аз моҳи маи соли гузашта ба хизмати сарбозӣ ҷалб шудаст. Маркази минарӯбӣ мегӯяд, ки соли ҷорӣ бар асари таркиши минаҳои зиддинафар ва ҳам дигар маводи таркандаи ҷангӣ 10 нафар осеб дида аз онҳо чаҳор нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳамаи ҳалокшудаҳо кӯдакон буданд.
XS
SM
MD
LG