Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Юнон тарҳи буҷаро баррасӣ мекунад


Парлумони Юнон имрӯз тарҳи буҷа барои соли ояндаро баррасӣ мекунад. Дар ин тарҳ боло бурдани андозҳо ва коҳиши маоши кормандони давлатӣ ба хотири кам кардани касри буҷа пешбинӣ шудааст. Соли гузашта касри буҷа Юнонро дар вартаи бӯҳрони иқтисодӣ қарор дод ва Афина маҷбур шуд, ки аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул кӯмаки молиявӣ бигирад.
Иттиҳодияҳои синфии Юнон ба нишони эътироз алайҳи буҷаи соли 2011 коршикании оммавии сесоатаро доир намуданд, кормандони нақлиёт 24 соат коршиканӣ карданд. Ва аммо ин эътирозҳо гумон аст, ки садди роҳи қабули буҷа шаванд, зеро бештари вакилони парлумон ҷонибдорони ҳукуматанд.
XS
SM
MD
LG