Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон Лукашенкоро бо пирӯзӣ табрик гуфтааст


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Александр Лукашенкоро бо пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ табрик гуфтааст. Бино ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Белорус, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои белорусаш барори кор хоста ва ҳамчунин бо ӯ дар мавриди тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва ширкати бештари Ҷумҳурии Белорус дар тарҳҳои бузурги тавлиди нерӯи барқ дар Тоҷикистон гуфтӯгу кардааст.
XS
SM
MD
LG