Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Беларус 600 нафар мухолифон боздошт шудаанд


Баъд аз тазоҳуроти эътирозии нируҳои мухолифин дар майдони Октябри Минск мақомоти интизомии Беларус беш аз 600 нафар фаъолони мухолифонро боздошт кардаанд. Ин дар ҳолест, ки Александр Лукашенко бори дигар дар ин интихобот пирӯз эълон шудааст ва дар сари қудрат боқӣ мемонад. Вазорати дохила мегӯяд, ин боздоштшудагон аз 5 то 15 рӯз дар зиндон ба сар хоҳанд бурд. Имрӯз Виктор Голоянов-вазири адлияи Беларус гуфт, ҳукумат бозрасӣ хоҳад кард, ки кадоме аз ҳизбҳои сисёсӣ дар ин тазоҳурот ширкат доштаанд ва масъалаи лағви онҳоро матраҳ хоҳад кард. Пулиси Беларус то ҳол аз 9 номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ 5-тои онҳоро боздошт кардааст.
XS
SM
MD
LG