Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия мехоҳад ба тарҳи CASA-1000 ҳамроҳ шавад


Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия дар остонаи боздиди худ аз Ҳиндустон дар мусоҳибае бо рӯзномаи "Times of India" изҳор доштааст, ки Русия метавонад дар эҳдоси хатҳои интиқоли барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон ширкат ҷӯяд. Бино ба гуфтаи вай, иҷоди системаи интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон метавонад дар чаҳорчӯбаи як тарҳи мушаххас амалӣ шавад, ки онро раиси ҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кардааст. Дар ин тарҳ чаҳор кишвар-Русияву Тоҷикистон ва Афғонистону Покистон метавонанд дохил шаванд. Ба гуфтаи Медведев, тарҳи CASA-1000 метавонад ба унвони тарҳи аслӣ қабул шавад ва дар оянда ба он кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой низ ҳамроҳ шаванд. Дар ин бора "Азия-Плюс" хабар додааст.
XS
SM
MD
LG