Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри рӯйхати кобинаи Ироқ ба таъхир уфтод


Аъзои парлумони Ироқ мегӯянд, эълони рӯйхати кобинаи ваҳдати милли сарвазир Нурӣ Моликӣ то рӯзи чоршанбе ба таъхир гузошта шуд. Қаблан интизор мерафт, ки Моликӣ рӯйхати бархе аз аъзои кобинаи нави эътилофиашро имрӯз эълон кунад.
Бино ба хабарҳо, то ҳол бар сари исми номзадҳо ба вазоратҳои калидие, чун умури дохила, дифоъ ва амнияти миллӣ, тавофуқ ҳосил нашудааст.
Бӯҳрони сиёсӣ дар Ироқ аз интихоботи парлумонии моҳи март ба ин сӯ инак 9 моҳ боз идома дорад. Тибқи зарбулаҷали Қонуни асосӣ, Моликӣ мулзам аст, то 25 декабр рӯйхати кобинаашро барои тасвиб ба парлумон ироа кунад.
Бар асоси тавофуқи як моҳ пеши байни гурӯҳҳои шиъаҳову сунниҳо ва курдҳои Ироқ, Моликӣ барои давраи дуввум раҳбарии кобинаро бар ӯҳда мегирад. Иёд Аллавӣ, сарвазири собиқ ва раҳбари эътилофи Ироқия гуфт, чун бахши ин тавофуқ омода ҳаст раҳбарии Шӯрои стротежии миллиро бар дӯш бигирад.
XS
SM
MD
LG