Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар чанд ҷумла

Даъвати CPJ ба озодии фаврии журналисти тоҷик Исмоилов

Кумитаи дифоъ аз журналистон(CPJ), марказаш дар Ню Йорк, боздошти хабарнигори нашрияи мустақили "Нури зиндагӣ" Муҳаммадюсуф Исмоиловро танқид ва озодии фаврии ӯро талаб кард. Мақомот ӯро дар пахши иттилои нодуруст ва таҳқир бо истифода аз расонаи ҳамагонӣ айбдор мекунанд. Дар сурати исботи ин айбнома Исмоилов метавонад барои ду сол аз озодӣ маҳрум шавад. Мудири барномаҳои Кумитаи дифоъ аз журналистон барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Нина Огниянова мегӯяд, ин ниҳод аз Тоҷикистон хостааст, бино ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва асли озодии матбуот иттиҳомоти тӯҳмат ва пахши иттилои нодурустро, аз ҷурми ҷиноӣ ба ҷурми маъмурӣ табдил диҳад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Доналд Трамп: Барои гуфтугӯ бо Эрон "бисёр дер шуд"

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Раисҷумҳури Амрико гуфт, барои музокира бо Эрон “бисёр дер шудааст”.

Доналд Трамп рӯзи 3-юми март дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, “падофанди ҳавоӣ, нерӯҳои ҳавоӣ, баҳрӣ ва раҳбарияшон аз байн рафтааст. Ҳоло мехоҳанд, гуфтугӯ кунанд. Ман гуфтам: “Дер шуд!”

Президенти Амрико рӯшан нагуфт, ки мақомоти эронӣ кай омодагии худро барои музокира баён кардаанд.

Пештар Алии Лориҷонӣ, раиси Шӯрои амнияти миллии Эрон, гуфта буд, бо Амрико музокира намекунанд. Сафири Эрон дар Созмони Милал дар Женева низ ба ҳар гуна музокирот ва самарбахшии он дар вазъияти кунунӣ шубҳа кард.

Дар ҳоле ки кӯшишҳои дипломатӣ ба бунбаст дучор шудааст, дар кишварҳои Ховари Миёна бонги хатар садо медиҳад.

Дар Теҳрон ва Бейрут садои таркишҳо шунида шуданд.

Ҳамзамон, паҳподҳои эронӣ ба бинои сафорати Амрико дар Арабистони Саудӣ зарба заданд. Сафорат эълон кард, ки муваққатан баста мешавад. Як рӯз пеш сафорати Амрико дар Кувайт низ чунин тасмим гирифт.

Вазорати дифои Арабистони Саудӣ гуфт, ду паҳпод ба бинои сафорати Амрико дар Риёз бархӯрда, боис ба “сӯхтори кӯтоҳ” ва “зиёни ночизи моддӣ” шуд. Ба гуфтаи вазорат, ҳангоми ҳамла бино холӣ буд ва касе осеб надид.

Эрон дар посух ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ки аз 28-уми феврал идома доранд, ба кишварҳои мизбони низомиёни Амрико мушаку паҳпод сар медиҳад.

Гузоришҳо аз дохили Эрон баёнгари онанд, ки рӯзи 3-юми март ҳавопаймоҳои ҷангии Амрико ва Исроил чанд маркази низомӣ, амниятӣ ва пулисро дар шаҳрҳои гуногуни ин кишвар ҳадаф қарор додаанд.

Қароргоҳи иттилоотии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Додгоҳи инқилоб ва умумии Урмия, пойгоҳи “Ваҳдат”-и Сипоҳ дар шаҳри Пова ва пойгоҳи мушакии Наҷафобод дар шимоли вилояти Исфаҳон аз ҷумлаи ин маконҳо номбар мешаванд.

Урмия, вилояти Озарбойҷони ғарбӣ, 3-юми марти 2026
Урмия, вилояти Озарбойҷони ғарбӣ, 3-юми марти 2026

Дар ҳамин ҳол, Исроил эълон кард, ки бар асари ҳамлаҳои мушакии Эрон ба қисмати марказии ин кишвар дастикам ҳафт нафар захмӣ шудаанд.

Коршиносоне, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, мегӯянд, Теҳрон талош дорад, миқёси даргириро густариш дода, Вашингтонро ба оташбас водор кунад.

Доналд Трамп пештар гуфта буд, амалиёт дар Эрон метавонад чанд ҳафта идома кунад. Вай дар паёме рӯзи 3-юми март таъкид кард, ки захираи муҳиммоти ҷангии Амрико “ҳеч гоҳ ин қадар зиёд ва беҳтар набудааст”.

"Мо аз Эрон баргаштем, чун бархӯрдҳо ҷараён доранд"

Тоҷикон чӣ гуна аз Эрон берун мешаванд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Бо оғози ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон дар рӯзи 28-уми феврал ҳарими ҳавоии шуморе аз кишварҳои минтақа баста шуд ва даҳҳо ҳазор мусофиру сайёҳи хориҷӣ дар Ховари Миёна банд монданд.

Хабарнигори “Рейтерс” дар гузаргоҳи Астара дар марзи миёни Озарбойҷону Эрон бо шуморе аз мусофирони тоҷикистонӣ, ки баъд аз шурӯи амалиёти ИМА ва Исроил аз Эрон берун шуданд, ҳамсуҳбат шуд. Аксари онҳо гуфтаанд, ки табиб ҳастанд ва барои омӯзишу роҳнамоии беморон ба Эрон рафта буданд.

"Дар онҷо ҷанг аст. Бархӯрдҳо ҷараён доранд. Аз ин рӯ, мо баргаштем. Мо ҳамроҳи як бемор ҳастем. Ӯ саратони шуш дорад. Ҳоло бемор аз гумрук мегузарад. Бемор аз хешу табори ман нест. Ӯ дар бемористоне буд, ки ман ҳам онҷо будам. Ман табиб-ҷарроҳ ҳастам," – гуфтааст пизишк аз Тоҷикистон Аваз Назаров.

Ҳамсуҳбати дигари хабарнигори "Рейтерс" низ табиб аз Тоҷикистон аст. Ӯ гуфтааст, "мо аз сабаби ҷанг дар Теҳрону дигар гӯшаҳои Эрон марзро убур кардем. Мо як гурӯҳ табибон дар онҷо таълим мегирифтем."

Сафири Тоҷикистон дар Эрон шумораи расмии тоҷикистониҳоро дар ин кишвар 300 нафар ҳисоб кард. Ӯ рӯзи дуюми март хабар дод, ки беш аз 200 нафари онҳо барои бозгашт ба ватан дархости кумак карда, то кунун беш аз шаст кас марзро гузаштаанд.

Тибқи ахбори расида, Имороти Муттаҳидаи Араб рӯзи душанбе дар шакли маҳдуд ҳарими ҳавоиро боз намуда, имкон дод, ки садҳо хориҷӣ аз фурудгоҳи Дубай ва дигар имороти ин кишвар ба ватанҳояшон баргарданд.

Як зодаи дигари Тоҷикистон дар Украина нопадид шудааст

Фазлиддин Расулов. Наздиконаш ин аксро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд
Фазлиддин Расулов. Наздиконаш ин аксро дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузоштанд

Пайвандони Фазлиддин Расулови 58-сола аз Тоҷикистон мегӯянд, ӯ як сол пеш бо ваъдаи нафақа ё ҳаққи бознишастагии баланд аз Русия ба ҷанги Украина бурда шуд, вале камаш ҳашт моҳ боз бедарак аст.

Мақомоти Русия ба хонаводааш гуфтаанд, ки ӯро ҳамчун сарбози “бенишоншуда” ҷустуҷӯ доранд.

Вай пештар дар хадамоти боррасонии ширкати “Вайлдберис” дар Маскав кор мекардааст. Шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро дорад.

Суннатулло Расулов, писари Фазлиддин Расулов, 3-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, падарашро моҳи марти соли гузашта аз Маскав ба Қазон ва аз онҷо бо ваъдаи нафақаи хуб барои се моҳ ба Мариупол (Украина) бурдаанд, то дар сохтмон кор кунад.

Наздиконаш гуфтанд, чанд моҳ ӯ дар Мариупол, шаҳри ишғолшудаи Украина аз ҷониби Русия буд ва бо онҳо тамос дошт, вале моҳи августи соли гузашта ӯро ба минтақаи Донбас бурданд ва бо ҳамин бедарак шуд.

Омори дақиқи ҳузури тоҷикон дар ҷанги Украина маълум нест. Дар чаҳор соли ҷанг хабари кушта ва нопадид шудани даҳҳо шаҳрванд ва зодаи Тоҷикистон расонаӣ шудааст.

Тарҳи давлатии Украина бо номи “Зистан мехоҳам” номи беш аз се ҳазор зодаи Тоҷикистонро нашр кардааст, ки аз ҷониби Русия муқобили ин кишвар ҷангида кушта ё нопадид шудаанд.

Тоҷикистон аз Бунёди Абузабӣ 100 миллион доллар қарз мегирад

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода (чап) ва Мудири кулли Бунёди Абузабӣ оид ба рушд Муҳаммад Сайф Ал-Сувайдӣ
Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода (чап) ва Мудири кулли Бунёди Абузабӣ оид ба рушд Муҳаммад Сайф Ал-Сувайдӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи қарзиро бо Фонд ё Бунёди Абузабӣ тасвиб кардааст. Қарор аст, Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" аз ин фонд 100 миллион доллар қарз гирад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, 25-уми феврал дар назди вакилон гуфт, 100 миллион доллар ба муҳлати 17 сол ва бо 2,5 дарсад баҳра ё фоизи солона гирифта мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ки барои бунёди нерӯгоҳи "Роғун" аз ниҳодҳои молии байнулмилалӣ сармоя ҷалб кунанд.

Бонки Ҷаҳонӣ соли 2024 барои сохтмони "Роғун" 350 миллион доллар грант ё қарзи бебозгашт ҷудо кард.

Ба иттилои Вазорати молия, Тоҷикистон барои идомаи сохтмони "Роғун" ҳамчунин аз Бонки осиёии сармоягузорӣ ва зерсохторӣ 270 миллион доллар қарз гирифтааст.

Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бояд то соли соли 2032 мавриди баҳбардории комил қарор гирад ва Тоҷикистонро бо нерӯи барқи кофӣ таъмин кунад, ки ҳоло мардумаш ҳамасола аз норасоии нерӯи барқ азоб мекашанд.

Амрико қасдан ҳадаф қарор додани як мактабро дар Эрон рад кард

Марко Рубио
Марко Рубио

Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, пас аз онки расонаҳои давлатии Эрон аз кушта шудани беш аз 160 нафар дар ҳамла ба як мактаби ибтидоии духтарона дар шаҳри Миноб дар вилояти Ҳурмузгон хабар доданд, гуфт, ИМА "қасдан мактабро ҳадаф қарор намедиҳад".

Ин ҳамла, ки ба рӯзи аввали амалиёти муштараки Амрико ва Исроил алайҳи Эрон нисбат дода шуд, маргбортарин ҳодисаи гузоришшуда дар ин даргириҳо гуфта мешавад. ЮНЕСКО, Бунёди кӯдакони Созмони Милал ва Малола Юсуфзай, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел, ин ҳамларо маҳкум кардаанд.

Марко Рубио гуфт, дар сурати дурустии гузоришҳо, Вазорати ҷанги Амрико мавзуъро баррасӣ хоҳад кард ва Фармондеҳии марказии Амрико низ эълон кардааст, ки дар ҳоли баррасии гузоришҳои вобаста ба "осеб ба ғайринизомиён" аст.

Расонаҳои эронӣ навиштанд, ки ин қабрҳо барои духтарони мактабхон дар Миноб омода шудаанд
Расонаҳои эронӣ навиштанд, ки ин қабрҳо барои духтарони мактабхон дар Миноб омода шудаанд

Ба навиштаи хабаргузории "Рейтерс", Роземари де Карло, намояндаи вижаи Созмони Милал дар умури эҷоди сулҳ низ ин гузоришро "бисёр фоҷиавӣ" хонд, аммо гуфт, ҷузъиёти мустақиле дар даст нест.

Сафири Исроил дар Созмони Милал ҳам эълон кард, гузоришҳои гуногунро дар бораи омили ҳамла дидааст, аз ҷумла иддао кард, ки Сипоҳи посдорон дар ин ҳодиса нақш доштааст.

Хабаргузории "Рейтерс" таъкид кардааст, ки натавонист ин гузоришҳоро ба таври мустақил тасдиқ кунад.

"Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон вориди ҷанг бо Исроил шуд

Нерӯҳои "Ҳизбулоҳ"-и Лубнон. Акс аз бойгонӣ.
Нерӯҳои "Ҳизбулоҳ"-и Лубнон. Акс аз бойгонӣ.

"Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, ки мавриди ҳимояти Эрон мебошад, дар вокуниш ба кушта шудани Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон дар ҳамлаҳои Исроил ва Амрико, эълон кард, ки ба Исроил ҳамла кардааст.

Шохаи низомии "Ҳизбуллоҳ"-ро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ медонанд. Ин гурӯҳ дар порлумони Лубнон намояндагони худро дорад.

Артиши Исроил субҳи 2 март аз партоби чанд мушак аз Лубнон ба тарафи Исроил хабар дод. Партоби ин мушакҳо боиси ба садо даромадани бонги хатар дар бахшҳои гуногуни шимоли Исроил шуд.

Артиши Исроил бо нашри баёнияи дигар аз раҳгирии як партоб хабар дод ва гуфт, ки дигар партобҳо дар фазои боз ва бехатар суқут кардаанд.

Гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" чанд соат баъд, партоби мушак ва паҳбод ба тарафи Исроилро тасдиқ кард ва онро вокуниш ба кушта шудани Алӣ Хоманаӣ донист.

Ин гурӯҳ пештар ҳушдор дода буд, ки ҳадаф қарор додани Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Ҷумҳурии исломии Эронро хатти сурхи худ медонад ва дар сурати осеб дидани ӯ, мумкин аст вориди даргириҳо шавад.

Исроил ва Лубнон беш аз як сол пеш бо миёнаравии Амрико ба тавофуқи оташбас даст ёфтанд, ки ҷанги сездаҳмоҳаи Исроил ва ниманизомиёни гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро поён дод.

Аз он замон то кунун ду тараф борҳо якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам кардаанд.

Ҷанг дар Ховари Миёна боиси 10% боло рафтани нархи нафт шуд

Пас аз ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон, арзиши нафт 10 дарсад бештар шудааст. Рӯзи якшнабе нархи ҳар бушка нафти хом ба ҳудуди 80 доллар расид. Амрико ва Исроил субҳи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерс", коршиносон тахмин мезананд, ки бинобар ҷанги ҷорӣ дар Ховари Миёна, қимати ҳар бушка нафти хом мумкин аст ба 100 доллар бирасад.

Ҳамлаҳои низомӣ ва баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз сабаби асосии афзоиши қимати нафт гуфта мешавад. Беш аз 20 дарсад аз нафти ҷаҳон аз тариқи гулӯгоҳи Ҳурмуз кашонда мешавад.

Чанд манбаъ гуфтаанд, ки киштиҳои нафткаш пас аз ҳушдори Теҳрон ба киштиҳо барои пешгирӣ аз убур аз гулӯгоҳи Ҳурмуз, фаъолияти худро дар ин масир боздоштаанд.

Ҳалокати се низомии Амрико дар амалиёти зидди Эрон. Захмиҳо ҳастанд

Дар ҷараёни амалиёти зидди Эрон, ки Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврал оғоз карданд, се низомии Иёлоти Муттаҳида кушта шуда, панҷ тани дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Ин омор то рӯзи якуми мартро дар бар мегирад.

Чанд низомии дигар осеби сабук дида, пас аз муоина расидагии пизишкон ба хидмат баргардонда мешаванд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи якшанбе ваъда дод, ки интиқоми се низомии кушташудаи кишварашро хоҳад гирифт.

Вай дар як суханронии видеоӣ гуфт, мумкин аст, шумори талафоти Амрико дар ҷанги зидди Эрон афзоиш ёбад.

“Дареғ, мумкин аст, ин омор бештар шавад, аммо Амрико интиқоми онҳоро хоҳад ситонд,” – афзуд ӯ.

Нерӯҳои Амрико ва Исроил дар амалиёти якҷоя рӯзи 28-уми феврал ба Эрон ҳамла карданд. Вазорати дифои Исроил онро "ҳамлаи пешгирона" ва раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида "амалиёти бузурге" донист, ки ҳадафаш "бартараф кардани таҳдидҳо" ва "Эрони орӣ аз силоҳи ҳастаист".

Дар рӯзи аввали амалиёт чандин мақоми баландпояи Эрон, аз ҷумла Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, кушта шуд.

Эрон дар посух ба Исроил ва чанд кишвари Ховари Миёна, ки мизбони низомиёни амрикоӣ ҳастанд, мушаку паҳпод партофт.

Трамп гуфт, ҳамла ба Эрон метавонад то чаҳор ҳафта тӯл кашад

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, рӯзи якуми март дар мусоҳиба бо рӯзномаи бритониёии “Дейли Мейл” гуфт, амалиёти якҷоя бо Исроил алайҳи Эрон метавонад то чаҳор ҳафта тӯл кашад.

Вай дар ин мусоҳибаи телефонӣ аз Флорида эълом кард, ки “ҳамеша ин як раванди чаҳорҳафтаӣ будааст. Мо ҳисоб кардем, ки қариб чаҳор ҳафта тӯл хоҳад кашид.”

Трамп бо ишора ба ин ки Эрон кишвари бузург аст, афзуд, ҳамлаҳои низомӣ “чаҳор ҳафта тӯл мекашанд, ё ҳатто камтар.”

Ӯ дар ин мусоҳибааш ба кушта шудани 48 мақоми аршади эронӣ дар ҳамлаҳои рӯзи шанбеи Амрико ва Исроил ишора кард.

Раисҷумҳури Амрико ҳамзамон гуфт, барои гуфтугӯҳои бештар бо эрониҳо омодагӣ дорад, аммо наметавонад бигӯяд, ки оё ин гуфтугӯҳо “ба зудӣ” анҷом хоҳанд шуд ё на.

“Намедонам. Онҳо мехоҳанд, мехоҳанд, ки суҳбат кунанд, аммо ман гуфтам бояд ҳафтаи гузашта суҳбат мекардед, на ин ҳафта,” – илова кардааст ӯ.

Идомаи зарбаҳои Эрону Исроил ба ҳамдигар

Тасвири моҳвораӣ аз дафтари Алии Хоманаӣ баъди ҳамлаи Исроил
Тасвири моҳвораӣ аз дафтари Алии Хоманаӣ баъди ҳамлаи Исроил

Баъди эълони ҳалокати раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Алии Хоманаӣ низ табодуи зарбаҳо байни Эрон ва Исроил идома ёфт. Неруҳои Эрон ҳамчунин ба баъзе аз кишварҳои арабӣ низ мушак партофтаанд.

Рӯзи 1-уми март хабари наве аз зарбаҳои ИМА нашр нашудааст, аммо президент Доналд Трамп гуфт, агар Эрон ҳамлаҳои худро зиёд кунад, Вашингтон бо қувваи бештаре посух хоҳад дод.

Пештар Трамп ба давомдор будани ҷанг ишора карда буд ва Исроил низ гуфтааст, нақшаи худро барои муддати дароз омода намудааст.

Пит Ҳегсет, вазири ҷанги Амрико дар шабакаи X навишт, "Эрон имконият дошт, аммо аз созиш худдорӣ кард ва акнун баҳои онро мепардозад".

Дар ҳамин ҳол як гуруҳ аз донишҷӯёни "Созмони донишҷӯёни имомия" (ISO), ки ба як ҳизби шиъа дар Покистон тааллуқ дорад, рӯзи 1-уми март ба консулгарии Амрико дар шаҳри Карочӣ ҳамла карданд. Дар ин ҳодиса то 9 нафар ҳалок шудааст. Аз тирпаронӣ миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва донишҷӯёни "Созмони донишҷӯёни имомия" гузориш шудааст.

Ҳамчунин расонаҳо аз муноқиша дар назди Сафорати Амрико дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ хабар доданд. Пулиси Ироқ аз ҳамлаи норозиён ба "минтақаи сабз" пешгирӣ кардааст.

Ба гузориши артиши Исроил, давоми 24 соати ахир аллакай бори 20-ум аст, ки миллионҳо шаҳрванди ин кишвар баъди ҳамлаи паҳподии Эрон ба паноҳгоҳҳо мераванд. Расонаҳои Эрон аз таркиши чандин мушаки ин кишвар бо убур аз сипари ҳавоӣ хабар медиҳанд.

Дар шаҳри Дубай ва пойтахти Қатар рӯзи дуюм аст, ки садои таркиши баланд шунида мешавад. Расонаҳои давлатии Эрон ҳамчунин аз партоби мушак ва паҳпод ба сӯи пойгоҳҳои Амрико хабар доданд.

Баъди кушта шудани раҳбари олии Эрон Алии Хоманаӣ мақомоти Эрон аз таъсиси шӯрои муваққати роҳбарӣ хабар доданд. Ба ин шӯрои муваққатӣ раиси ҷумҳур Масъуди Пизишкиён, раиси додгоҳи олӣ Муҳсин Эҷаӣ ва руҳонӣ оятуллоҳ Алиризо Аърофӣ шомил шудаанд. Ин шӯро муваққатан вазифаҳои роҳбариро иҷро мекунанд. Лаҳзае пеш хабар дода шуд, ки иҷрои вазифаҳои Хоманаӣ бар дӯши оятуллоҳ Аърофӣ вогузор шудааст.

Рӯзи 28-уми феврал дар ҳамлаи муштараки Амрико ва Исроил ба Эрон чанд мақоми баландпоя, аз ҷумла Алии Хоманаӣ, фармондеҳи кулли сипоҳ, вазири дифоъ, раиси ситоди кулли артиш ва дабири Шӯрои дифоъ кушта шуданд.

Нигаронии Тоҷикистон аз нооромӣ дар Ховари Миёна

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон
Бинои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз "ташаннуҷи бесобиқаи вазъ дар Ховари Миёна" нигаронӣ карда гуфт, Душанбе хоҳони ҳалли мушкил аз роҳҳои дипломатӣ аст.

Дар изҳороти Вазорат аз рӯзи 1-уми март ба ҳеч кишваре ишора нашудааст. Рӯзи 28-уми феврал Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамла карданд ва Эрон ҳам дар посух пойгоҳҳои амрикоро ҳадаф қарор дод.

"Тоҷикистон бар он аст, ки ҳамаи ихтилофу баҳсҳо бояд тариқи музокирот дар чаҳорчуби ҳуқуқи байналмилалӣ ва муқаррароти Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳаллу фасл гарданд" – омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Тоҷикистон ҷанги 12-рӯзаи ИМА ва Исроил бо Эронро дар моҳи июни соли гузашта низ маҳкум карда буд.

Вазири дифоъ ва раиси ситоди артиши Эрон кушта шудаанд

Абдулраҳим Мусавӣ, раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ
Абдулраҳим Мусавӣ, раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ

Мақомоти Эрон эълон карданд, ки раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи ин кишвар ва вазири дифоъ дар ҳамлаи Амрико ва Исроил кушта шудаанд.

Ба гуфтаи мақомоти эронӣ, Абдулраҳим Мусавӣ, раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ ва Азиз Насирзода, вазири дифоъ рӯзи шанбе дар ҷараёни мавҷи аввали ҳамла ба Эрон ҷонашонро аз даст доданд.

Дар ҳамлаҳои ҳавоии Амрико ва Исроил чандин мақоми баландпояи Эрон, аз ҷумла Роҳбари Ҷумҳурии исломӣ Алии Хоманаӣ, Муҳаммад Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон ва Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои дифои Ҷумҳурии Исломӣ ҳам кушта шуданд.

Нерӯҳои Исроилу Амрико рӯзи 28-уми феврал ба чанд гӯшаи Эрон, аз ҷумла Теҳрон, ҳамла карданд.

Вазорати дифои Исроил онро "ҳамлаи пешгирона" ва раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида "амалиёти бузурге" донист, ки ҳадафаш "бартараф кардани таҳдидҳо" ва "Эрони орӣ аз силоҳи ҳастаист". Эрон дар посух ба чанд кишвари Ховари Миёна, ки мизбони нерӯҳои Амрико ҳастанд ва Исроил мушак андохт.

Марк Тиссен: Нерӯҳои заминӣ мардуми Эрон ҳастанд

Марк Тиссен
Марк Тиссен

Марк Тиссен, шореҳи намоёни сиёсӣ ва узви Шӯрои мудирони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, гуфт, ҳамлаи Амрико ба Эрон оғози корзорест, ки ҳадафаш поён додан ба ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ дар шакли ҳозирааш аст.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, "ончи дар ҳоли рух додан аст, наздик шудан ба озодии мардуми Эрон аст."

"Мардуми Эрон аз соли 1979 зери султаи як режими мустабид ва ифротӣ, ки ба воситаи оятуллоҳҳо идора мешавад, ранҷ бурдаанд. Акнун ба онҳо фурсате дода мешавад, то бархезанд ва кишварашонро пас гиранд," – афзуд ӯ.

Тиссен собиқаи навиштани суханронӣ барои Ҷорҷ Буши хурдӣ, раисҷумҳури собиқи Амрикоро дорад. Вай дар мусоҳибааш таъкид кард, агар президенти Амрико Доналд Трамп як моҳ пеш ҳамла карда буд, ин ҳамлаи намодин ва маҳдуд буд, ки як ё ду рӯз тӯл мекашид.

“Ончи акнун дар борааш суҳбат мекунем, як корзори чандрӯза ва шояд чандҳафтаӣ барои буридани сари режими Эрон ва аз миён бардоштани таҳдид алайҳи мардуми мост,” – илова кард ӯ.

Ба гуфтаи Марк Тиссен, таъхир дар шурӯи амалиёт амдӣ ё барқасдона будааст, то Вашингтон битавонад ҷамъ омадани бесобиқаи нерӯҳои низомиро фароҳам кунад.

Ӯ бо баёни инки “Иёлоти Муттаҳида тамоми абзорҳои саркӯб, амниятӣ ва истибдодӣ, ки мардуми Эронро зери фишор қарор додаанд, аз миён хоҳад бардошт”, ин лаҳзаро бо фурӯ рехтани девори Берлин ва сарнагунии Чаушевский дар Руминия муқоиса кард.

“Ин девори Берлини шумост. Мо дар ҳоли қатъи сари режим ҳастем. Ин вазифаи шумо хоҳад буд, ки корро тамом кунед. Даврони ҳокимияти ваҳшати ин режим рӯ ба поён аст. Мардуми Эрон як фурсати таърихии ба даст гирифтани озодии худ доранд,” – таъкид кард ӯ.

"Эронро тарк кунед". Ҳушдори Сафорати Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар

Шаҳри Теҳрон субҳи 28 феврал
Шаҳри Теҳрон субҳи 28 феврал

Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон аз шаҳрвандони кишвар хостааст, ки Эронро тарк кунанд.

Сафорат шоми 28-уми феврал дар хабарномае навишт, "ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Эрон қарор доранд, тавсия дода мешавад, ки кишварро бо истифода аз имконоти дастрас тарк намоянд".

Дар иттилиояи расмӣ омадааст, Сафорати Тоҷикистон дар низоми муқаррарӣ корашро давом медиҳад ва омода аст, ки барои баромадани тоҷикистониҳо аз Эрон кӯмак кунад.

Сафорат ҳамчунин ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар Эрон тавсия додааст, ки "аз будубош дар наздикии иншооти ҳарбӣ ва давлатӣ худдорӣ кунанд, инчунин аз аксбардорӣ ва наворбардорӣ дар тамоми ҳудуди кишвар парҳез намоянд".

Субҳи 28-уми феврал Амрико ва Исроил ба Эрон ҳамла карданд. Дар ин ҳамлаҳо то кунун Алии Хоманаӣ, роҳбари Ҷумҳурии исломӣ ва ҳафт мансабдори баландпоя, аз ҷумла Муҳаммад Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон ва Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои дифои Ҷумҳурии Исломӣ кушта шудаанд. Дар посух Сипоҳи посдорон ба Исроил ва пойгоҳҳои Амрико дар минтақа ҳамла кард.

Артиши Исроил: Алии Шамхонӣ ва фармондеҳи кулли Сипоҳ кушта шуданд

Алии Шамхонӣ
Алии Шамхонӣ

Артиши Исроил эълон кард, ки дар ҳамлаҳои Амрико ва Исроил ба Эрон дар рӯзи 28-уми феврал ҳафт мансабдори баландпоя, аз ҷумла Муҳаммад Покпур, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон ва Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои дифои Ҷумҳурии Исломӣ кушта шудаанд.

Бар асоси баёнияи расмӣ, Азиз Насирзода, вазири дифои Эрон, низ дар ин ҳамлаҳо ҷон бохтааст.

Алии Шамхонӣ дар ҷанги 12-рӯзаи Исроилу Эрон дар соли 2025 низ ҳадафи ҳамла қарор гирифта буд, аммо ҷон ба саломат бурд.

Вай пас аз ин ҷанг ба мансаби дабири Шӯрои дифои Эрон таъйин шуд.

Дар рӯйхати эълонкардаи артиши Исроил номи раиси созмони "Сипанд", ки масъули саноати низомӣ ва дифоӣ аст ва раиси дафтари низомии раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ низ дида мешавад.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, шоми шанбе ҳангоми гуфтугӯ бо телевизиони “NBC News” дар бораи гузоришҳо дар бораи кушта шудани Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон гуфт, “мо эҳсос мекунем, ин гузориш саҳеҳ аст”.

Ӯ эълом кард, ки “бештари мақомҳои аршади Эрон аз байн рафтанд”.

Пеш аз ин, Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, эълон кард, ки “нишонаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки Алии Хоманаӣ дигар зинда нест.”

Қаблан вазири корҳои хориҷии Эрон иддао карда буд, ки то ҷое ӯ огоҳ аст, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ Алии Хоманаӣ ва раисҷумҳури ин кишвар Масъуд Пизшкиён “зинда ҳастанд” ва “мумкин аст фақат як ё ду фармондеҳ кушта шуда бошанд”.

Аббос Ароқчӣ дар суҳбат бо телевизиони “NBC News” зимни эълони ин хабар афзуд, “ҳамаи мақомоти олирутба зинда ва солим ҳастанд” ва иддао кард, ки “ҳама чиз хуб аст”.

Нерӯҳои Исроилу Амрико рӯзи 28-уми феврал ба чанд гӯшаи Эрон, аз ҷумла Теҳрон, ҳамла карданд.

Вазорати дифои Исроил онро "ҳамлаи пешгирона" ва раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида "амалиёти бузурге" донист, ки ҳадафаш "бартараф кардани таҳдидҳо" ва "Эрони орӣ аз силоҳи ҳастаист". Эрон дар посух ба чанд кишвари Ховари Миёна, ки мизбони нерӯҳои Амрико ҳастанд, мушак андохт.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG