Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии Ҷулиан Асанҷ аз маҳбас


Ҷулиан Ассанҷ, муассиси сомонаи WikiLeaks, баъд аз пардохти 240 ҳазор паунт аз маҳбас дар Бритониё раҳд шуд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Ассанҷ то рӯзи 11 январ, яъне то идомаи баррасии парвандааш дар додгоҳ, озод карда шудааст.
Додгоҳи Лондон талаби ҳукумати Шветсия барои истирдоди Ҷулиан Ассанҷ ба Стокҳолмро баррасӣ мекунад. Дар ин кишвар муассиси WikiLeaks дар таҷовуз ба номус гумонбар мешавад. Ассанҷ ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ки ӯ барои нашри асноди сиррии дипломатии Амрико ҳадафи таъқибу фишор қарор гирифтааст. Моҳи гузашта сомонаи интернетии WikiLeaks беш аз 250 ҳазор асноди махфии вазорати умури хориҷии Амрикоро ифшо сохт. Аз ин пеш дар ин сомона асноди сиррӣ оид ба ҷанг дар Ироқу Афғонистон нашр шуда буд.
XS
SM
MD
LG