Се навраси рус дар куштори як шаҳрванди Қирғизистон гумонбар мешаванд. Ба иттилоъи намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия Владимир Маркин, шахсияти гумонбарон, ки рӯзи якшанбе дар шаҳри Маскав шаҳрванди қирғизро куштаанд, аллакай муқаррар ва яке аз онҳо боздошт шудааст. Владимир Маркин ин кушторро бо авбошӣ рабт дод. Ва аммо хабаргузории РИА Новости бо такя ба мақомоти ҳифзи тартиботи Маскав иттилоъ додааст, ки куштори шаҳрванди Қирғизистон дар пояи адовати қавмӣ сурат гирифтааст.