Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъмоли тамоку дар Тоҷикистон маҳдуд хоҳад шуд


Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, қонунеро тасвиб кард, ки бар пояи он аз соли 2011 истеъмоли тамоку дар қаламрави кишвар маҳдуд хоҳад шуд. Тарҳи қонуни “Маҳдудиятҳо дар истифодаи маҳсулоти тамоку дар Тоҷикистон” бо ибтикори раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин тарҳро ҳанӯз якуним моҳи пеш пазируфта буд.
Бар пояи қонун, сигоркашӣ дар ҳудуди мактабу бемористонҳо, корхонаву муассиса, осоишгоҳҳо, иншооти варзишиву фарҳангӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ манъ хоҳад шуд. Қонун баъд аз имзои раисиҷумҳур ба ҳукми қонун ворид мешавад.
XS
SM
MD
LG