Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенати ИМА тарҳи созиш бо Русияро баррасӣ мекунад


Сенати ИМА имрӯз баррасии тарҳи созиш бо Русия оид ба коҳиши силоҳи стратегиро шурӯъ мекунад. Дар арафаи баррасӣ Кохи Сафед изҳори итминон намуд, ки Сенат ин санадро то шурӯъи таътили солинавӣ тасвиб хоҳад кард.
Аз созиш оид ба коҳиши силоҳи стратегӣ демократҳо ва бархе аз ҷумҳурихоҳон пуштибонӣ мекунанд. Ва аммо бештари сенаторҳо аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон ба ин санад бо шубҳа менигаранд. Яке аз раҳбарони ҷумҳурихоҳон Ҷим Деминт изҳор намуд, ки ӯ қироати матни пурраи созишро тақозо хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки қироати матни пурраи санад шояд то 12 соат идома кунад.
Созиш дар ҳоле тасвиб хоҳад шуд, ки агар аз 100 вакили Сенат 67 нафар ба ҷонибдории он раъй диҳанд.
XS
SM
MD
LG