Ду мақоми расмии Ироқ гуфтаанд, ҳукумат аз ду шӯришии боздоштшуда эътирофот дарёфт кардааст, ки тибқи он ал Қоида ба нақша гирифтааст, ки дар рӯзҳои иди Милоди Масеҳ ё Крисмас дар Амрико ва дар Аврупо ҳамлаҳое анҷом диҳад. Ҷавод ал Булонӣ-вазири дохила гуфт, бамгузории нокоми Стокҳолм дар ҳафтаи гузашта аз ҷумлаи ин бамгузориҳои барномарезашуда дар Аврупо будааст, ки ин ду шӯришӣ дар бораи он эътирофот додаанд. Ҳушёр Зебарӣ-вазири корҳои хориҷаи Ироқ дар Нию Йорк гуфт, иддаои ин ду шӯришӣ "хеле хатарнок" аст. Ин ду вазир гуфтаанд, ки дар бораи ин ҳамлаҳо ба интерпол хабар додаанд.