Кенет Гросс-сафири Амрико дар Тоҷикистон дар маросими хатми давраҳои омӯзишии дуҳафтаинаи кормандони вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, кишвараш ба муносиботи хуб бо Ҳукумати Тоҷикистон арҷ мегузорад ва хостори ҳамкориҳои баландмуддат аст. Афсарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар давраҳои омӯзишӣ нақшагирии амалиёти тактикӣ ва анҷоми амалиёти махсусеро омӯхтанд. Соли ҷорӣ бо кӯмаки молии сафорати Амрико 5 давраи омӯзишии дигар баргузор шуд ва дар онҳо намояндагони мухталифи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ширкат доштанд.