Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳроб "Кӯри малиш" ё Ҳикматро дар Восеъ шинохтааст


Як сокини ноҳияи Восеъ ба радиои Озодӣ гуфт, Ҳикмат Азизов мулаққаб ба "Кӯри малиш"-ро, ки маҳбуси фирории боздоштгоҳи Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон ва бародари Неъмат Азизов мебошад, шинохтааст. Неъмат Азизов фармондеҳи собиқи мухолифони пешин аст, ки тобистони соли гузашта дар амалиёте дар Тавилдара кушта шуд. Сӯҳроб Ойаҳмадов-сокини деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар зери купруки ин минтақа гурӯҳи ҳафтнафараи либоси низомипӯшро дидааст ва онҳо ӯро ба сӯҳбат даъват кардаанд. Ба гуфтаи Оймаҳмадов, ин афрод худро кормандони пулис муаррефӣ кардаанд. Кӯри малиш шаби 23-юми август бо гурӯҳе аз боздоштгоҳи Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон фирор карда буд.
XS
SM
MD
LG