Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Авҷ гирифтани ҳамлаҳо ба муҳоҷирон дар Русия


Ба думболи ошӯби миллатгароёни рус дар шаҳри Маскав, пулиси Русия гуфт, имрӯз як муҳоҷири кориро дар Маскав куштаанд ва се тани дигарро маҷрӯҳ кардаанд. Ба гуфтаи пулис, як муҳоҷири 37-солаи қирғизро гурӯҳе аз ноболиғон дар кӯча куштаанд ва се муҳоҷири озарӣ низ бо захми корду тир ба бемористон интиқол додаанд. Аз ин пеш бар асари ҳамлаву бедодгарии мухлисони футбол ва миллатгароёни рус дар рӯзи шанбе дар Маскав, ду нафар кушта шуданд. Хушунатҳои ахирро ниқори миллатгароёни рус аз миллатҳои ғайрирус медонанд, ки гӯё як мухлиси футболи дастаи Спартакро куштаанд. Ин мухлиси футболро гӯё дар моҷарое, гурӯҳе аз қафқозиён куштаанд.
XS
SM
MD
LG