Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тачӣ пирӯзии ҳизбаш дар интихоботро эълон кард


Сарвазири Косово, Ҳошим Тачӣ пирӯзии ҳизбаш дар интихоботи порлумонии Косоворо эълон кард.

"Мо бояд тафриқаро як сӯ гузорем ва ҳамкорӣ кунем. Танҳо он гоҳ Косово мисли мо пирӯз хоҳад шуд.

Ин нахустин интихобот дар Косово аз замони эълони истиқлолияти ин қаламрав аз Сербия дар се соли гузашта буд. Изҳороти Тачӣ дар ҳоле садо дод, ки бино бар натиҷаҳои "экзит пол" ё назарсанҷии ҳангоми хуруҷи раъйдиҳандагон, Ҳизби демократи ӯ 31 ва рақиби он, Лигаи демократии Косово 25 дарсад раъй гирифтаанд. Интизор меравад Кумиссюни марказии интихобтӣ натиҷаҳои пешакиро имрӯз эълон кунад.
XS
SM
MD
LG