Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонӣ аз Ҷулиан Ассанҷ дар Испания


Рӯзи шанбе дар чанд шаҳри Испания намоишҳои хиёбонӣ бо талаби раҳоии Ҷулиан Ассанҷ, муассиси сомонаи WikiLeaks, доир шуданд. Дар Мадрид садҳо нафар дар канори бинои сафоратхонаи Бритониё ҷамъ омада, парвандаи Ассанҷро сиёсӣ хонданд ва гуфтанд, ки муассиси WikiLeaks барои нашри асноди сиррӣ мавриди таъқибу фишор қарор гирифтааст.
Намоишҳо дар Мадрид, Барселона, Валенсия ва Севилия – аввалин эътирозҳои хиёбонӣ алайҳи боздошти Ҷулиан Ассанҷ маҳсуб мешаванд. Муассиси WikiLeaks алҳол дар боздоштгоҳи Лондон ба сар мебарад. Ассанҷ бо дархости додситонии Шветсия боздошт шудааст, ки ӯро дар таҷовуз ба номуси занҳо гумонбар мехонад.
XS
SM
MD
LG