Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Мэдофф худро ҳалқовез кард


Шоми шанбе ҷасади Марк Мэдофф, писари бозаргони маъруф Бернард Мэдофф, дар манзилаш дар Ню Йорк ошкор гардид. Падари ӯ Бернард Мэдофф ду сол пеш барои қаллобии молиявӣ, ки бар асари он ҳазорон амрикоиҳо аз пасандозҳои худ маҳрум монданд, барои 150 сол маҳкум ба зиндон шуда буд.
Бар пояи хабарҳо, ҷасади Маркро яке аз хешовандонаш пайдо кардааст. Сабаби аслии марги Мэдоффи 46-сола худкӯшӣ эълон шудааст - ӯ худро аз ҳалқ овехта буд.
XS
SM
MD
LG