Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нургалиев дар бенизомиҳо нажодпарастҳоро айбдор кард


Дар бемористонҳои шаҳри Маскав шаш нафар аз осебдидагон бар асари бенизомиҳои рӯзи шанбе дар майдони Манеж боқӣ мондаанд. Вазъи яке аз онҳоро табибон сангин арзёбӣ кардаанд. Дар маҷмӯъ бар асари бархӯрди кормандони ОМОН бо мухлисони футболу нажодпарастон 30 нафар, аз ҷумла, чанд корманди полис ҷароҳат бардоштанд. Субҳи рӯзи якшанбе ҳамаи 65 нафари боздоштшуда баъд аз таҳия шудани асноди зарурӣ раҳо карда шуданд.
Рӯзи шанбе тақрибан 5 ҳазор мухлисони футбол ва нажодпарастони рус дар робита ба куштори мухлиси футбол Егор Свиридов намоиши бидуни иҷоза доир намуданд, ки ба задухӯрд бо кормандони полис печид.
Егор Свиридов рӯзи 6 декабр дар як низоъ миёни мухлисони футбол ва қавқозиҳо аз тири силоҳ ба ҳалокат расид. Қотили ӯ аллакай боздошт шудааст.
Рашид Нургалиев, вазири умури дохилии Русия, ва масъулини Федератсияи футболи кишвар дар ташкили бенизомиҳои рӯзи шанбе нажодпарастҳои русро айбдор кард.
XS
SM
MD
LG