Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду таркиш дар канори биноҳои низомии Афғонистон


Дар канори як қароргоҳи полис дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон имрӯз як мошин инфиҷор шуд. Ба гуфтаи Залмай Аюбӣ, сухангӯи волии Қандаҳор, дар ин ҳодиса чаҳор корманди полис ва ду сокини маҳаллӣ захмӣ шудаанд.
Аз ин пеш бар асари инфиҷори мошини ҳомили маводи мунфаҷира аз сӯи як маргталаб дар вилояти Қундуз, воқеъ дар шимоли кишвар, панҷ низомии афғон ва се сокини осоишта ҷароҳат бардоштанд. Ин ҳодиса дар канори пойгоҳи низомии Қундуз рӯх дод.
Рӯзи ҷумъа дар вилояти Ҳилманд, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, як автобус бо сокини маҳаллӣ ба мина бархурда инфиҷор кард. Дар ин ҳодиса 15 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG