Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба парма кардани чоҳи газ дар Тоҷикистон шурӯъ кард


"Газпром зарубежнефтегаз" -и Русия ба парма кардани амиқтарин чоҳи гази Тоҷикистон бо номи Сариқамиш шурӯъ кардааст. Умқи чоҳи Сариқамиш 6 ҳазору 300 метрро ташкил медиҳад. Бино ба маълумоти тақрибӣ, захираи гази ин чоҳ 60 миллиард метри муккааб будааст. Дар маросими оғози кор дар чоҳи Сариқамиш Алексей Миллер -раиси ширкати "Газпром"-и Русия ширкат дошт. Ин чоҳ дар 35 километрии шарқи шаҳри Душанбе ҷой гирифтааст. "Газпром" қавл додааст, ки дар давоми ду соли оянда Тоҷикистон худро бо газ таъмин хоҳад кард ва ба гази кишварҳои хориҷӣ эҳтиёҷ нахоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG