Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқлоли Фаластинро Бразилия ва Аргентина шинохтанд


Ҳукумати Аргентина ба тасмими Бразилия ҳамроҳ шуд ва пас аз ин кишвар истиқлолияти давлатии Фаластинро ба расмият шинохт. Вазоарти корҳои хориҷаи Аргентина рӯзи душанбе гуфт, истиқлоли давлати Фаластинро бо марзҳое, ки дар соли 1967 дошт мешиносад, яъне марзҳои Фаластин қабл аз ҷанги шашрӯза, ки дар ҷараёни он Исроил Навори Ғазза ва Каронаи Ғарбиро ба тасарруфи худ даровард. Исроил аз тасмими Аргентина ва Бразилия интиқод кард ва гуфт, ин ду кишвар бар зидди тафовуқоти Исроилу Фаластин ин гуна тасмим гирифтаанд. Исроил гуфт, истиқлоли Фаластин танҳо дар сурати музокироти Фаластину Исроил ба даст меояд. Вале чунин ба назар мерасад, ки истиқлоли Фаластинро мумкин аст кишварҳои дигари Амрико Лотин, аз ҷумла Уругвай ва Парагвай низ ба расмият шиносанд.
XS
SM
MD
LG