Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсилоти нави таркишҳо дар Покистон


Имрӯз дар дар шимолу ғарби Покистон ду инфиҷори маргталабона рӯх дод, ки бар асари онҳо дастикам 40 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Таркишҳо дар шаҳри Галанаии минтақаи Мӯҳманд, воқеъ дар марз бо Афғонистон, рӯх доданд. Ба иттилоъи мақомот, як маргталаб худро дар дохили биное тарконид, ки он ҷо нишасти сарони қабоили наздик ба ҳукумати Покистон мегузашт. Маргталаби дигар худро дар беруни бино мунфаҷир кард.
Масъулияти ҳамларо то ҳол касе ваё гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст. Мақомоти Покистон дар ҳамлаҳо алайҳи мансабдорони маҳаллӣ ва сарони қабоил ангушти иттиҳом сӯи мусаллаҳони “Толибон” ва аъзои “Ал-Қоида” мекунанд.
XS
SM
MD
LG