Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷор дар як пойгоҳи низомӣ дар Гардез


Таркиш дар як пойгоҳи артиш дар шарқи Афғонистон имрӯз мунҷар ба ҳалокати дастикам 2 нафар шуд. Сухангӯии волии Пактиё Рӯҳуллоҳ Сомон гуфт, инфиҷор дар фурӯшгоҳи пойгоҳи Гардез, ки дар он тоҷирон маҳсулоти худро ба сарбозони Афғонистону НАТО мефурӯхтанд, рух додааст. Масъулияти ҳамларо Толибон бар дӯш гирифтанд. Вале ҳанӯз маълум нест, ки қурбониён низомиҳо буданд ё афроди мулкӣ.
XS
SM
MD
LG