Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, аз ҳаққи худ дар Женева нахоҳад гузашт


Эрон мегӯяд, дар музокироти ҳафтаи ояндаи барномаҳои ҳастаияш бо қудратҳои ҷаҳонӣ дар Женева аз ҳаққи худ гузашт нахоҳад кард. Раҳбари ҳайъати Эрон Саид Ҷалилӣ гуфтааст, ки “Ҳаққи Эрон ҷои музокирот надорад ва аз ин рӯ, чун дар давраҳои гузаштаи музокирот, ин масъала наметавонад мавзӯъи баҳс дар Женева бошад.” Қарор аст, рӯзи душанбе дар Женева Эрон бо гурӯҳи “5 ҷамъи 1”, ки 5 узви доимии Шӯрои Амният бо иловаи Олмонро дар бар мегирад, барномаҳои ҳастаияшро баҳс кунад. Кишварҳои Ғарб ба ин назаранд, ки ҳадафи Эрон аз ин барномаҳо сохтани силоҳҳост. Вале Эрон мегӯяд, танҳо ҳадафаш нирӯи барқи ҳастаист.
XS
SM
MD
LG