Рӯзи шанбе дар Бағдод бар асари ду таркиши бомб, ки зоирони эрониро ба ҳадаф дошт, дастикам 7 нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар захмӣ шуданд. Як мақоми ироқӣ гуфтааст, таркиши аввал дар маҳаллаи Козимияи пойтахт дар наздик манзиле, ки зоирони эронӣ истироҳат мекарданд, 5 кушта ба ҷо гузошт. Мошини дуввуми бомбгузоришуда дар маҳаллаи Шӯъла дар шимолуғарби Бағдод ба як автобуси ҳомили зоирони эронӣ бархӯрда, мунҷар ба ҳалокати ду нафари дигар шуд.