Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Суғд имсол 683 кило маводи мухаддир гирифтаанд


Имсол дар вилояти Суғд 683 кило маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст, ки назар ба соли қаблӣ 262 кило, ё 60 дарсад бештар аст. Насим Олимов, мудири бахши таҳлилии бахши мубориза бо маводи мухаддир дар раёсати умури дохилаи вилояти Суғд гуфтааст, дар қиболи ин мавориди кашфи маводи мухаддир 192 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, 75 дарсади маводи мухаддири гирифташуда ҳашиш ва 110 килояш ҳероину афюн будааст.
XS
SM
MD
LG