Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Викиликс: Илҳом Алиев - падари мафиёӣ


Сафорати Амрико дар Боку имрӯз пахши мукотибаҳои дипломатиро тавассути сомонаи интернетии Викиликс маҳкум кард, ки дар яке аз онҳо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба раҳбари мафиёии филми маъруфи “Падари рӯҳонӣ” ё “Крестный отец” шабоҳат дода мешавад. Кордори сафорат Адам Стерлинг пахши ин номаҳои махфиро чун як амали ғайриқонунӣ ва қобили маҳкумият интиқод кардааст. Дар изҳороти оқои Стерлинг гуфта мешавад, ки ин номаҳои дипломатӣ маъмулан нокомил буда бозгӯи сиёсати хориҷии Амрико нестанд. Дафтари Алиев дар Боку пахши номаҳои дипломатиро тавассути Викиликс як амали таҳрикомез номидааст.
XS
SM
MD
LG