Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФИФА мизбонони Ҷоми ҷаҳонии 2018 ва 2022-ро муайян мекунад


Федерасиюни байнулмилалии футбол, ФИФА, имрӯз дар Сюрихи Швейтсария мизбони бозиҳои ҷоми ҷаҳонӣ дар солҳои 2018 ва 2022-ро муайян мекунад. Нозирон мегӯянд, Русия барои дарёфти мизбонии бозиҳои ҷоми ҷаҳонӣ дар соли 2018 имкониятҳои зиёд дорад. Аммо ҳамчунин пешниҳоди муштараки Испанияву Португалия аз як сӯ ва Ҳолланду Белгия аз сӯи дигар мавриди баррасӣ мебошанд. Иёлоти Муттаҳида, Қатар, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Австралия барои имтиёзи мизбонии бозиҳои ҷоми ҷаҳонӣ дар соли 2022 сабқат доранд. Нозирон ба шансҳои Амрико баҳои баланд медиҳанд.
XS
SM
MD
LG