Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ноиби раиси Бонки рушди Осиё ба Тоҷикистон


Барои ширкат дар Форуми рушди Тоҷикистон, ноиб-президенти Бонки рушди Осиё, Шиаою Жао бо як сафари серӯза вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд. Қарор аст, вай бо мақомоти давлати Тоҷикистон мулоқот ва ҷараёни иҷрои барномаҳои бонк дар Тоҷикистонро бозрасӣ кунад. Бонки Осиёии Рушд яке аз сармоягузорони асосӣ дар иқтисодиёти Тоҷикистон буда, аз барномаҳои обу энержӣ, роҳу мухобирот, кишоварзӣ ва рушди бахши хусусӣ аз тариқи вомҳои хурд ҳимоят мекунад. Дар 12 соли ҳамкорияш бо Тоҷикистон Бонки Осиёии Рушд ба ин кишвар ба андозаи қариб 700 миллион доллари амкрикоӣ кӯмак ва сармоягузорӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG